БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТРО БО ИФТИХОР ТАҶЛИЛ МЕНАМОЕМ!

АНДЕША. Дар чунин давру замоне, ки ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ берун аз қаламрави мамлакат тавассути таҳриф кардан ва пӯшиши дигар додани ҳақиқати таърих талоши ба гумроҳӣ бурдани ҷавонони тоҷикро доранд ва обру ва нуфузи давлату ҳукумати кишваро дар арсаи байналмилалӣ манфи бозтоб мекунанд. Мо ҷавонони содиқу худогоҳ ва ҷасури Ватан бо таҷлили “Рӯзи Президент” ба он гурӯҳҳо гуфтанием, ки мо бо Пешвои миллати худ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефахрем ва бо ифтихор “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ҷашн мегирем.

Ин рӯз рӯзест, ки тамоми мардуми тоҷик новобаста аз сину сол бо ташкил намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, аксияву роҳпаймоиҳо бо нишонаи арзи эҳтиром ба хизматҳои шоистаи фарзонафарзанди миллат садоқат ва эътиқоду эътимоди худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд. 

Дар ҳақиқат ҳар иқдоми Президенти маҳбуби мо шурӯъ аз солҳои аввали ба ҳайси роҳбари давлат фаъолият доштанашон то ба имрӯз намунаи олии ватандӯстию инсонпарварию сулҳофаринӣ ва ҳақиқатест, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф кардааст.

Воқеан зиндагиномаи ин абармарди дунёи шоистаи пайравист. Беҳуда нест, ки мо ҷавонон суханони «Мо пайравони Пешвои миллатем»-ро барои худ шиор кардаему баҳри амалигардонии он камари ҳиммат бастаем.  Аз ин рӯ ватандӯстӣ барои ҳар нафари мо на дар забон, балки дар дилу ҷон бояд бошад ва инро метавонем танҳо дар амал исбот намоем.

Ин рӯзи бузургро ба ҳамаи тоҷику тоҷикистонӣ муборакбод мегӯям!

 

Ҷумахон Одинаев,

мудири бахши кор бо ҷавонон

ва варзиши ш. Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg