БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТ!

« Подшоҳ чун офтоб аст. Ношояд бо яке тобаду ба яке натобад.»

                                                                              Унсурулмаолии Кайковус.

АНДЕША. Бо ин таъкидҳои бузургони сухан гуфтаниҳои хешро чун як ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ оғоз бахшида, мехоҳам аз саҳифаҳои корнамоии Пешвои муаззами миллатро бори дигар варақгардон намоям. Аз гузашта то имрӯзро ёдвор шавам.

        Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ ва фаъолияти  судманди вориси миллат – фарзанди фарзонаи мардуми Тоҷикистонро, бо унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба ҷаҳониён муарриффӣ гардонидаааст, васф намоем.

 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё  омадааст.

 Ӯ фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техники шаҳри Леваканд (собиқ. Сарбанд) бо ҳайси устои барқ дар корхонаи  равғаншакии шаҳри Қурғонтеппа  шуруъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 дар флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ  буд. Пас аз ҳизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар савхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кору фаъолият намудааст.

  Соли 1982 факлутети иқтисодӣ Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм намудааст.

  Солҳои 1976- 1987  бо ҳайси котиби райёсат, раиси  Кумитаи Иттифоқи касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара  фаъолияти меҳнатии худро нишон додаст.

  Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати Х11  ва   тирамоҳи соли 1992 раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои  намояндагони  халқи вилояти Кулоб интихоб гардид.

  19 ноябри соли 1992 дар  иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  гардид.

  6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ  Раҳмон бо тариқи овоздиҳӣ умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

  Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

  Вақте, ки Тоҷикисон соҳиби истиқлолияти худ гардид, на ҳама аз ин дастовард хушҳол буданд. Гуруҳи мухолифон, ки баҳри мансаб талош меварзанд,ниҳолаки яксолаи истиқлолро решакан кардан мехостанд. Оқибати найрангбозиҳои онҳо халқи тоҷикро богирдоби ғаму андуҳ оадохта ҷанги шаҳрвандиро боис гардонид…

   Осмони беғубори Тоҷикистонро ҷанги душманони миллат печонида, модаронро дар чорсӯи зиндагӣ бемадор, наврасонро интизор ва аксари мардумро мубтало ба фирор намуданд. Ҳамагон- онҳое, ки қалби пок доштанд,дуо мекарданд ба дарпгоҳи Офаридгор, то, ки бо зудӣ аз дурию фироқ ва сарсонию оворагӣ раҳо ёбанд.

   Чуноне ки Низомуллик дар «Сиёсатнома»-аш таъкид овардааст:  «Чун дуои халқ ба некӯӣ пайваста гардад, он мулк пойдор бувад»

   Ва ин зорию илтиҷои тоҷикистониён низ аз олами боло мустаҷод гардида  иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ руйи кор омад. Ана дар ҳаимн Иҷлосияи тақдирсоз, ки  санаи 16- ноябр  то 2-уми декабри соли 1992 оғозу анҷомдошт, фарзанди Худододаи тоҷик Эмомалӣ  Шарипович Раҳмонов  бо оваздиҳии пинҳонӣ Раиси Шӯрои Олии интихоб шуд.

   Акнун вақти он расида буд, ки бо зиракӣ ва дарси бузурги сиёсатшиносӣ халқу кишварро ҷамъ оварда аз вартаи ҳалокат раҳонад. Ба қалбашон умед бахшад, сулҳу ваҳдатро пойдор бинмуда, алалхусус   ниҳолаки истиқлолиятро  аз хушкидану  аз чашм ҳасудан боздорад…

  Дар ҳақикат, ин фарзанди некандеш умеди қалбҳо гардид. Ҷон дар  кафи даст аз душманони атрофаш наҳаросид. Қувваҳои сулҳдусту  ваҳдатфарро  ҷамъ оварда  берун  аз хоки ватан по гузошт. Ҳама фарориёнро дубора  ба макони худ бозавард.  Фирефтагонро бахшид, соҳиби хонаю дар кард. Яъне, бо қудуми муборакаш ҷанги бемаврид  хотима ёфт. Гуруҳи мухолифин шикаст хурд ва бо нерӯи ин бузургмард тоб наовард. Ҳамчунин бо ташаббусаш Созишномаи Истиқрори Сулҳ ба омзо расид, ки ин санаи 27 –уми июни  соли 1997 буд ва аз он рӯзи ҳадафовар ин ҷашни таърихӣ рӯзи «Ваҳдати Тоҷикистон» эълон гардидааст.

Ваҳдат ниҳоли босамари ин диёр гашт,

Нахлаш бузург, маваш бас шаҳдбор гашт.

Бо заҳмати пайвастаи вориси тоҷикон,

Миллат шинохт ёфта, соҳибэътибор гашт.

 

  Хушбахтона, рӯз то рӯз ҳолу аҳволи мардуми кишвар беҳ гашта шодию нишот афзунӣ овард. Бо сиёсати ҳамаҷонибаи давлатдорӣ роҳбари ғамхори мо тавонист, ба ҳар як соҳаи кишвар диққати ҷиддӣ  диҳад  ва Тоҷикистонро аз буҳрони иктисодӣ раҳонад.

  Маҳз бунёди иншоотҳои бузурги аср Неругоҳи баркӣ – обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, Роғун, роҳхои мишингард, таъсиси донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо  - ҳама низоми бомароми бениҳояти роҳбари ғамхори мо аз ҳама қишри ҷомеа дида ба ҷавонон зиёд аст. Аз ҷумла тибқи Квотаҳои Президетӣ шомил шудани ҷавондухтарон ва ҷавонписарон ба донишгоҳу донишкадаҳо яке  аз ҳизматҳои шоёни уст.

 Дар ташаккули ҳаёти ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият, зиндагиномаашон  дар саҳифаҳои таърих абадан сабт мегарданд. Донишманд ва файласуфи бузурги англис –Френсис Бэкон гуфта: «Се чиз миллатро бузург ва фараҳманд месозад; 1.Хоки ҳосилхез, 2.Саноати фаъол, 3.Ҳаракати озоди одамон ва мол»  Олими дигар Серватес чунин қайд карда буд, ки сарвари оқилу доно, таърихи куҳани миллӣ ва сулҳу суббот миллатро аз нобудшавӣ наҷот медиҳад.

 Натиҷаи корнамоии бузурги Президенти кишвар аз ҷониби халқӣ Тоҷикистон ба унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат» сазовор дониста шуд, ки боиси ифтихори ҳама ба хусус, мо ҷавонон аст. Гуфтаҳои болоро, ки нисбати қаҳрамонию ҷонисорӣ қайд намудем, ин шахсияти арзанда, падари меҳрубону ғамхори миллат собит намуд. Шоҳчароғи раҳнамои кишвар шуд.

   Ҳамчунин Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон нахустин сиёсатмадорест, ки барии саҳми бебаҳо ва густариши ҷомеаи умумибашарӣ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ шарофёб гаштааст. Илова бар ин солҳои мухталиф Эмомалӣ Раҳмон бо ордени алмосдори   «Звезда мецената» -(ситораи сарпараст) – ҷоизаи Олии ҷамъияти бунёди  байналмиллалии хайрияи «Меценати столетия»- ( сарпарасти аср), ордени «Қаҳрамони милли Афғонистон-Ахмадшоҳи Масъуд», Медали тиллои арҷгузорӣ   бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ( Румӣ) –Юнеско, ордени тиллоии Эҳиёи роҳи абрешим, медали тиллоии ба номи Никалай Блохин-мукофоти Олии Академияи илмҳои тибби Федератсияи Руссия, ордени «3- ситора дараҷаи 1» бо занҷираи тиллоии Латвия, Ордени Кияз Яраслави Ҳоким дараҷаи 1-и Украина, ҷоизаи Бунёди байналмиллалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқути «Миротворец»-(Сулҳовар) ва дигар ҷоиза мукофотҳои зиёд  сарфароз  дониста шудааст, ки ин алббати  ифтихори мо низ ҳаст.

   Мардуми сарбаданду осоиштаи тоҷик, пеш аз ҳама мо, ҷавонон аз хизматҳои мондагори Пешвои Муаззами миллат сипосгузор ҳастем, чунки барии соҳибилм  гардонидани ҳар яки мо тамоми чораҳоро андешидаанд.

   Аз ин рӯ ҷавобан ба ғамхориҳои фарзонафарзанди Тоҷикистон дар роҳи ҳимояи сулҳу ваҳдат пайраваш мегардем.

  Ин падари бузургвор офтобест, ки тобишаш ба ҳар ҷониб дурахши якмаром дорад Аҳли кишварро дар пояи ҳамдилӣ тарбият намуда, барҳақ, поягузори сулҳу меъморӣ ваҳдати Тоҷикистон аст.

  Кору пайкори  таълифи ҷандин китобҳост.

Асбаски вакт тақозои аҷоми сухан дорад, банда тамано мекунам, Шоҳсутуни миллат- Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат ҷовидон роҳнамои мардуми шарафманди тоҷикон бошанд:

Барои аҳли миллат Қаҳрамон аст,

Ҳамеша  номи ӯ  вирди забон аст,

Бо сулҳ- поягузор, меъмор ба ваҳдат,

 Муаррифгари тоҷик дар ҷаҳон аст.

 

Нураева Моҳира - роҳбари

ҷавонони ташббускори ноҳияи

Ҷалолиддини Балхи                                    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg