Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ХИЁНАТ БА ВАТАН ХИЁНАТ БА МОДАР АСТ!

ВОКУНИШ. Амали ноҷавонмардона ва хиёнаткорона, ки шаби 6 ноябри соли 2019 дар дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”- и ноҳияи Рудакӣ аз дасти як гурӯҳ хоинони миллат, сар зад боиси нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Айни замон гурӯҳи терорристии бо ном «Давлати исломӣ» ҷавононро бо ҳар гуна роҳу усулҳо ба доми худ кашида, сипас онҳоро ба куштору қатл ва анҷом додани таркишҳо равона месозанд.

Ин гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд ваҳдату суботи ҷомеаро халалдор намуда, садди роҳи рушди бомароми кишвар гашта бошанд. Бехабар аз он , ки имрӯз ягон афрод ё гурӯҳи тундраву ифротгаро суботи сиёсӣ, сулҳу Ваҳдати сартосарӣ ва нерӯи созандаю шикастнопазири ҳар як сокини ин марзу бумро халалдор ва ё шикаста наметавонад. Онҳо мехостанд дар натиҷаи амалётҳои нопоки худ хуни ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро резонанду ҳазорон кӯдаконро бесарпаноҳ бикунанд.

Ин гурӯҳи тундрав бо дастуру раҳнамоии хоҷагони ватандори беватанашон, ки дар хориҷи кишвар мебошанд, ба ин аъмоли нангин даст заданд. Зеро ин гуна намакиватанзадагон рушду шукуфоии Тоҷикистонро дида наметавонанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва ҳизбиёни ноҳия ин амали террористии хоинони миллатро маҳкум намуда, даъват ба он меоварад, ки бар зидди ин гуна афроди тундрав муборизи беамон бошем. Зеро ин нафаронро, ки худу миллату Ватанро фурӯхтаанд, ислоҳнопазиранд.

Ҳар сокини худогоҳро месазад бо шукгузорӣ аз ин Ватан, ки бо роҳи рушду шукуфтанҳо зери раҳнамоии Пешвои маҳбуби худ устуворона қадам мезанад, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ бошад. Дар роҳи хидмат ба Ватан содиқона азм намуда, зиндагонии сазовор ва шоисати хешро бисозад.

Зеро Ватан қадраш ба модар баробар буда, хокаш муқаддас аст, хиёнаташ нобахшиданист.

Азизи Сабоҳат Тағойалӣ- мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар нохияи Хуросон.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg