Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

16-УМИ НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША: Ҳар як санаи фархунда ва таърихии кишвар сабаби ҷашн гирифтани худро дорад, аз ҷумла, таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам. 6 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофу демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкатварзида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва 16 – уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар намудааст, оғоз намуд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи рӯзҳои ид” дар мамлакат ҳамасола 16 – уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва солгарди рӯзи “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.

Мувофиқи моддаи 64 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории бардавоми давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромади худ баъди интихоб гардиданаш ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди савгандёдкунӣ тазаккур доданд, ки “Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амалӣ гардидани Конститутсия мебошад. Ман ба ҳайси Президент Шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард”.

Дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат дар як мудддати кӯтоҳ тавонист Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда , барои халқи тоҷик шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созад.

Президенти кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳу салоҳ дар кишвар поянда бошад.

Мардуми кишвар заҳматҳои кашидаи Президенти мамлакатро, ки бо дурандешию олиҳимматӣ, қаҳрамонию шуҷоатмандӣ ва хирадмандию суботкорӣ барояшон зиндагии осоиштаро фароҳам сохтааст, қадр намуда, аз ин шахсияти барҷастаи таърихӣ ҳаматарафа пуштибонӣ менамоянд. Имрӯзҳо тамоми сокинони мамлакат, аз ҷумла аъзоён, ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бошандагони ноҳияи Ховалинг зери парчами давлатӣ, Истиқлолият ва сулҳу суботи комил дар фазои орому осудаи кишвари биҳиштосоямон дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ: таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар, ки натиҷаи рушду инкишофи кишвари мо маҳсуб меёбанд, сарбаландона қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Хизматҳои бузургу пурарзиши Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” қадр карда шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” қабул гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот дар кишварамон мебошад. Бо шарофати заҳмату шабзиндадориҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон мо имрӯз ба як ҳаёти осоишта ва зидагии серу пур расидем. Бинобар ин моро мебояд, ки ба қадри заҳматҳои кашидаи Президенти кишвар бирасем, сиёсати созанда ва бункоронаашро аз дилу ҷон дастгирӣ намоем ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем.

ХАЛИЛЗОДА Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg