Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ВУҶУДИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ТАҲДИД БА ИНСОНИЯТ!

АНДЕША. Дар ҷомеаи имрӯза хатарҳои глабалӣ ва таҳдид ба инсоният бо нақшаҳои нави ба ақли инсон намеғунҷидагӣ рӯи кор омада истодааст. Ҳамаи ин гӯё бо қувваҳои аҳриманӣ идора карда мешавад. Барои ба муқобили қувваи шарр (баъӣ) по ниҳодан инсониятро зарур аст, ки тамоми қувваю дониши худро истифода барад. Барои ҳамин имрӯз ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва дигар табодул барои инсоният рафта истодааст. Барои ин донишкадаҳои ҷаҳонӣ тибқи нақшаҳои дурнамо фаъолият карда истодаанд.

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ, пайдоиши қувваҳои иртиҷоӣ ва террористӣ дар мамлакатҳои осиёи Марказӣ, Африқо ва дигар манотиқи олам таъкидҳои судманд менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат оид ба ин вазъ чунин суханронӣ намуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.”

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъоҳо идома ёфта, барои ҷомеа ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртаззод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки дар Осиёи Миёна ҷойгир буда, бо 4 давлат Ҷумҳурҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҳамсарҳад аст. Агарчӣ байни се давлати дар шарқу ғарб ҳамсарҳадбуда тинҷиву оромӣ ҳукумфармо бошад, аммо дар ҷануб давлати Афғонистон ноором, ки ин вазъ боис гардидааст, ки амалҳои ғайриқонунӣ қатлу таҷовуз, парвариш ва тиҷорати маводи мухаддир, одамфурӯшӣ зиёд ба назар мерасад. Бар замми ин аз сарҳади тоҷик бархе аз сокинонаш убур карда, мехоҳанд маводи мухаддирро ба дигар давлатҳо интиқол диҳанд. Тайи 40 сол боз дар давлати ҳамсоя ҷангу хунрезӣ идома дорад. Аҳолии муқими Афғонистон пурра мусулмон буда, миллатҳои гуногун дар он ҷо иқомат менамоянд. Ҷанги мазҳабиву қабилачигӣ то ба ҳол идома дорад. Мардуми тоҷик ба ин аҳволи давлати ҳамсоя бетараф нестанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсола доир ба вазъ чунин қайд карданд: “Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном “Давлати исломӣ”, ки базе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлони дорад, ба ин масъала бетафовуд буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд муомилоти ғайри қонунии маводи мухаддир мебошад.”

Имрӯз ҳар як фарди тоҷик ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неруву малакаи худро барои ободиву зебо гардонидани як гӯшаи ватани азиз сарф намуда истодааст.

 

Ҷалилова Мушкинисо – омӯзгори ДДК, узви ҲХДТ аз шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg