Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

АМАЛИ НОҶАВОНМАРДОНАИ ТЕРРОРИСТОНРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ: Хабари ҳуҷуми ноҷавонмардонаи як гурӯҳ террористон, ки хати марзии Тоҷикистонро убур карда бо нияти ноором сохтани фазои сиёси кишвари орому осудаи мо ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Рӯдакӣ даст ба ҷинояти куштор заданд, ин амалӣ террористони ДОИШ ҳар як фарди ватандӯсти ҷумҳуриро бе тараф гузошта наметавонад.

Бо ин амалашон душманони миллат дигарбора чеҳраи золимонаву хоинонаи худро кушоданд. Душманони миллату давлати  тоҷик фаромӯш карданд, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз ин Ватанро бо Пешвои муаззами миллат дӯст медоранд ва ҳеҷ амале ё нерӯе наметавонад ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷиконро халалдор созад. Аз ин рӯ мо амали террористии гурӯҳи ДОИШ-ро сахт маҳкум мекунем ва намегузорем, ки тири ноҳақу ноҷавонмардонаи онҳо ба ҳадаф расад.

Бо ҳама ҳастӣ дар дифои Ватану миллати худ ба по истода, сипари боэътимоди Ватан хоҳем шуд.

 Иботов Диловар,  мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ӼХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg