БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ АВФ ЗИЁДА АЗ 20 ҲАЗОР ЗИНДОНИЁНРО БА ОЗОДӢ БАРОВАРД!

АНДЕША. Бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пешвои миллат, Призденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва ба имзо расидани қонуни «Авф» бори дигар сиёсати инсондӯстона ва башардӯстонаи ин абармарди бузурги миллатро бозгу мекунад.

Бо қабул шудани ин қонун зиёда аз 20-ҳазор нафар маҳбусону гумонбарон аз ҷавобгариҳои ҷиноӣ ва аз маҳбасҳо озод шудаистодаанд. Онҳо баъди озод шуданашон ба пеши падару модарашон рафта ба ҳаёти мустақилона машғул шуда, кору фаолият менамоянд.

    Бояд қайд намуд, ки дар таърихи давлатдории миллатҳо ба он андозае, ки дар 28-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон авф эълон шудааст, дар ягон давлати дунё дида намешавад. Дар Тоҷикистон дар 28 соли Истиқлолият 16 маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авф эълон эълон шудааст, ки дар дунё собиқа надорад.

 Ин иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ ба гуфтҳои Худову Расули У Маҳаммад (с.а.в) мебошад. Ин авфро метавон авфи тиллоӣ низ номид. Чунки дар навбати аввал озод шудани занон ва наврасони маҳкумшудагоне, ки муштоқи озодӣ буданд ва аз кардаи худ садҳо маротиба пушаймонанд барои дар оянда бо роҳи дурусти зиндагӣ рафтани онҳо таъсири мусбат мерасонад.

Вақте навори озодшудагонро тамошо мекардам, хурсандии маҳкумшудагон, наздикон ва хешу табори онҳо ҳадду канор надошт. Онҳо минатдори бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат мерасонанд ва дар ҳақи чунин роҳбари одил дуоҳои нек мекарданд. Илова бар ин онҳо ваъдаҳои қатъи медиҳанд, ки минбаъд ба роҳҳои хато намераванд ва дар ободии кишвари азизамон ҳиссаҳои худро мегузоранд. Бо тамошои ин навор бори дигар ба Пешвои миллат аҳсан хондам. Воқеъан ҳам боиси ифтихори мост, ки чунин сарвари оқилу доно ва инсондӯсту раъиятпарвар дорем.

 

Орифҷон Саидов,

аъзои ӼХДТ дар н. Восеъ                                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg