Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ДАР ХУРОСОН КОНФЕРЕНСИЯ БО НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС АНҶОМ ЁФТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кохи “Хуросон”-и ноҳияи Хуросон Конференсияи 17-уми ҲХДТ бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  баргузор гардид.

Конференсияро раиси Кумитаи иҷроия кушода, Раёсати кории Конференсия бо пешниҳод ва дастгирии вакилон тасдиқ гардид.

Сипас, ҳисоботи Кумитаи иҷроия  (аз моҳи майи соли 2017 то моҳи октябри соли 2019)», ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ, ҳайати нави Кумитаи иҷроия, ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ ва рўйхати вакилон ба конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон баррасӣ карда шуда,  қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.     Пеш аз анҷоми конференсия Шомуродзода Саидазам мудири шуъбаи молиявӣ ва хоҷагидорӣ-сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло дар бораи фаъолияти  Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баромад намуда, ҳамагонро барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои  ҳизбӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсии дарепшистода даъват карданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg