Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Конференсияи ХII-уми ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори Конференсия мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шаҳбози Искандар, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, собиқадори ҳизб Шералӣ Бузмаков ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Дар конфронс ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия (аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019), ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия, интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотӣ ва интихоби вакилон ба Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар охир ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ 15 нафар фаъолони ҳизб, ки дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ саҳми назаррас доранд, бо ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.