Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ШАҲРИ НОРАК НУРИ ЧАШМИ КИШВАР АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир карда шуд.

Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда,  аъзо раиси ташкилотро аз нав  интихоб карданд  ва 7 нафар ба вакилии  Конференсияи XV-уми шаҳрӣ пешниҳод шуданд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия  зимни вохӯрӣ оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Саноатикунонии босуръати кишвар-ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карданд.

Дар охир дар доираи аксияи ҳизбӣ аз ҷониби аъзои ташкилот ба шахсони ниёзманди ҷомеа  як миқдор маводи хӯрока кумак расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg