БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии “Хоҷагии  Ғалаба”,  “Чилча” ва  Ҷамоати  деҳоти  “Бобоюнус” -и ноҳияи Темурмалик  бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида  шуда,  раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб ва  ба номзадии вакилӣ шахси арзанда, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми муносиб дорад, ба Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.

Инчунин, дар навбати худ масъулин дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта, иштирокчиёнро даъват карданд, ки ҳамеша содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg