БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

16 НОЯБР САНАИ МУҚҚАДАС ВА АЗИЗ АСТ!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.       Дар ташкилоти ибтидоии “Иҷлосияи 16-ум”-и шаҳри Бохтар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ   зимни баромади худ қайд карданд, ки имсол аз баргузории Иҷлосияи тақдиросози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ мешавад. Ин сана барои мо мардуми тоҷик хеле муққадас ва азиз аст, чунки дар ин рўз Худованд барои мардуми тоҷик Пешвои ғамхору оқил ва раъиятпарварро ато намуда, барои ба ҳаёти осоишта баргаштани халқ замина гузошт. Чуноне ки худи Роҳбари давлат аз он рӯзҳо ёдоварӣ мекунанд: “Ҳангоми интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои бисёр хатарнок хуб эҳсос ва дарк мекардам, ки масъулияти басо вазнин, вале таърихӣ - гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъи ҷанг, таъмини сарҷамъии миллат, яъне пешгирӣ кардани хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва пароканда шудани миллати тоҷикро ба дӯш мегирам”.

Ҳамчун қадршиносӣ ба ҷонфидоиҳои ин шахсияти таърихӣ бо гузашти солҳо мардуми тоҷик 16-ноябрро Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, ин рўзро бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд.

Дар идома   ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва пешбарии вакил ба конференсияи 21-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Ҳамзамон мубодилаи афкор дар мавзӯъҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир гаштанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg