БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ШАХСИЯТҲОИ САРСУПУРДАВУ БОИРОДА ДАРСИ САДОҚАТ ОМӮЗЕД!

КӮЛОБ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади тарғиби ҳарчи бештари ҳадафҳои созандаи ҳизб, ки аз ғояву сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, пайваста дар миёни оммаи васеи мардум, махсусан миёни ҷавонон нишасту вохӯрӣ ва суҳбатҳои самимӣ доир менамояд.

Бо ҳамин мақсад, дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чунин як вохӯрӣ бо ҷавонон–аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия, директори осрхонаҳои шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷаби Асозода иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суҳбат Орзу Ҳамидиён  ҷавононро даъват кард,   то дар рафти чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аз худ фарҳангу маданияти баланди сиёсӣ нишон дода, дар роҳи ҳимояи арзишҳои ҳизбӣ собитқадамона саҳм гузоранд.

Ҳотам Раҷабӣ Асозода таъкид дошт, ки ҲХДТ ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса дорад, ки чорабинии мазкур исботи ин гуфтаҳост. Ӯ дар ин баробар ҳизбиёни ҷавонро даъват намуд, то аз роҳи пуршарафи тайнамудаи ҲХДТ дар давоми 25 сол таҷриба андӯхта, аз шахсиятҳои сарсупурдаву боиродаи он дарси садоқат омӯзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg