Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МАЪРАКАҲОИ СИЁСӢ МАСЪУЛИЯТНОКӢ МЕХОҲАНД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Исмоили Сомонӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир   шуд.

Зимнан раиси ташкилоти ибтидоӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ баромад карда, афзуд, ки ташкилоти ибтидоӣ аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз дар чорабиниҳои ҳизбӣ, аз ҷумла тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ нақши муассир дошта, дар оянда низ дар амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Сипас, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, ки  масъулияти ҷиддӣ   талаб мекунанд  сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни маҷлис бо розигии иштирокдорон раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, шахси арзанда ба  вакилии Конференсияи 14-уми ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg