БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ҒАМХОРИ МИЛЛАТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Зулол”- и ҷамоати деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.                           

Дар хониши сиёсӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба Рӯзи Президент  ва хизматҳои беназираш дар таҳкими сулҳу суботи кишвар суханронӣ намуда,  изҳор дошт, ки  талошу заҳматҳои  Пешвои миллат дар  пойдории  сулҳу оромӣ, ободии  Ватан ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон  бесобиқа мебошад. Сиёсати пешгирифтаи  Роҳбари давлат аст, ки мо шаҳрвандон дар фазои тинҷу осуда дар соҳаҳои халқии халқ кору фаъолият дошта, аз меваҳои шаҳдбори  соҳибистиқлолӣ баҳраварем.

Дар идома маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистодаи интихоботи парлумонӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар рафти интихобот аз тарафи шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg