БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРЗАНД БОЯД ЗЕРИ НАЗОРАТ БОШАД

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҳаллаи «Ҳ.Шерозӣ»-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш   роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вобаста ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор карданд.    

     Дар вохӯрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва намояндаи шуъбаи корҳои дохила дар ноҳияи мазкур  иштирок  доштанд.

    Раиси кумитаи иҷрояи  иброз дошт,  ки таълиму тарбияи дурусти фарзандон, ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ, худкушӣ, худсӯзӣ ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мақсади асосии баргузориивохӯрӣ мебошад.

      Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  таъкид дошт, ки фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз вазифаи асосии мо фаъолони ҷомеа маҳсуб меёбад.  

     Намояндаи ШВКД дар ноҳия тазаккур дод, ки кулли амалҳои террористиро имрўзҳо аз номи ислом ва бо номи ислом амалї карда истодаанд.  Ҳатто солҳои охир  ташкилоти терористии бо ном давлатї исломие дар Ироқу Сурия  сохтаанд, ки  тамоми љомеаи љаҳонї,  хоса мусалмононро ваҳшатзада кард.     

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg