БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА МАСЪАЛАРО ДАР ЯКҶОЯГӢ ҲАЛ КАРДА МЕТАВОНЕМ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Дар ташкилоти ибтидоии    Ҷамоати  деҳоти  “Фирӯза”-и  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ  хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулин   дар  қисмати  сиёсии  чорабинӣ  оид  ба  сиёсати  хирадмандонаю  созандаи  Пешвои  миллат, омодагиҳо  ба рафти   корҳои  ташкилӣ ба  маъракаи  муҳими  сиёсӣ-интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва   маҷлисҳои маҳаллии  вакилони  халқ,  инчунин истиқболи  сазовор бахшида  ба Рӯзи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дастгирии  табақаҳои  ниёзманди  аҳолӣ, фароҳам  овардани  ҷойҳои  нави  корӣ  ва  паст    намудани  шиддати  муҳоҷирати  меҳнатӣ  суханронӣ карданд.

Дар идома таъкид шуд, ки ташкилотҳои  ҳизбиро  зарур  аст, корҳои  созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида, масъалаҳои  умдаи  иҷтимоӣ ва  дастгирии   қишри  ниёзманди  аҳолиро ба  роҳ  монда, дар  доираи  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал мекунем!”  ба  боварии  мардум сазовор бошанд.  

Дар доираи  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя ҳал  мекунем!”  аъзои   ташкилоти  ибтидоӣ     “Фирӯза” ба  оилаи эҳтиёҷманд, сокини  деҳаи   Баҳор, ки  маъюби модарзодӣ доранд,  аробача  кумак намуданд. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg