Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ШАХСИЯТИ КАНАЗИР АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳодиобод»-и   ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баромади масъулон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан  рафта,  таъкид шуд, ки бо азму талош ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ ба даст омад. Дар он рӯзҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, Тоҷикистон дар алангаи оташи ҷанги таҳмилӣ қарор дошт. Аз гӯшаву канори Ватани азизамон садои нолаи модарони фарзандгумкарда, ятимони бесарубонмонда ба афлок мепечид. Зеро, бархе аз афрод фирефтаи ваъдаҳои хоҷагони хориҷии хеш гардида, Тоҷикистони оромро ба як кишвари ноорому майдони ҷангӣ табдил дода буданд. Маҳз сиёсати оқилона, одилона, сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ  хотима бахшида, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзиаш имкон фароҳам овард, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ба имзо расад. Беш аз як миллион гурезаҳои иҷборӣ аз гӯшаву канори Ватан ва хориҷ ба хонаҳояшон баргашта, ба ҳаёти осоишта ва кору пайкор машғул шуданд. Муҳим аз ҳама, сулҳу ваҳдат пойдор шуда, харобиҳои ҷанги таҳмилӣ барқарор гардид, давлати Тоҷикистонро  сабақи сулҳофарӣ, ваҳдатгароӣ, некандешиву ободгароияш машҳури олам намуд - иброз доштанд баромадкунандагон.

    Дар идома интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баррасӣ карда шуд.

Дар доираи татбиқи қисмати Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ   дар назди муассисаи таълимии №42      7 синфхонаи иловагӣ бунёд шуда истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg