Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ОБРӮВУ НУФУЗИ ҲИЗБ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҲАР УЗВИ ОН ВОБАСТА АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии Телекоми ноҳияи Ш.Шоҳин     хониши сиёсӣ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ доир  шуд.

      Раиси ташкилоти ибтидоӣ  дар бораи фаъолияти 2,5-солаи ташкилот ҳисобот дода, оид ба ҳамкорӣ  бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ибрози назар кард.   

          Дар идома масъулон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, истиқболи сазовори 25-солагии таъсисёбии  ҲХДТ ва саҳми ҳизби мазкур дар таҳкими давлату давлатдорӣ, мақому манзалати ҳизб дар байни аҳолии ноҳия сухан гуфтанд.  

         Дар  баргузории конференсияи ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисоботи раиси ташкилот аз ҷониби аъзо  қаноатбахш ҳисобида,  вакил ба Конференсияи 13-уми Кумитаи иҷроияи ноҳияивии ҲХДТ интихоб  ва пешбарӣ  шуд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg