Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН ҶАҲД МЕКУНЕМ.

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ идома дошта, ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи хусусии тиббӣ” мулоқот баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

 - Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки аз як ҷониб баҳри расидан ба ҳадафҳои пурраи стратегӣ ва аз ҷониби дигар омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маром идома меёбанд. Дар ин росто  бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушиди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Кумитаи иҷроия баҳри ҷалби бештари мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ таввасути аксияҳои ҳизбӣ, инчунин  барои баланд бардоштани фарҳангӣ сиёсии мардум чорабиниҳои фаҳангиву сиёсиро ба роҳ монда, барои расидан ба фардои дурахшони Тоҷикистон  чораҳои муассир андешида мешавад, иброз доштанд  масъулони чорабинӣ.

Дар фарҷом раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, вакилон ба конференсия пешбарӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg