Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ОМОДАГӢ БА ДАВРАИ ГУЛШИНОНӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии  навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо аъзои ташкилоти ибтидоии “КФДХМК  Кангурт”  доир гардид.

Зимни мулоқот  роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи ба  даҳҳо  ҳазор  хонавода  суру  шодмонӣ  бахшидани  “Қонуни  авф” ,  ки   рӯзи  25  октябри  соли  ҷорӣ  дар  таърихи  навини  тоҷикон  ҳамчун  як  рӯзи  хотирмону  таърихӣ  сабт  шуд,  суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Дар  охир  вобаста ба татбиқи  қисмати амалии Аксияи ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!”  бо ҷалби сокинон  барои  сохтани  гармхона  ва  таъмини  гулҳо  барои  корхонаи  худ  ва  ташкилоту  муассисаҳои  тобеияти  Ҷамоати  деҳоти  Кангурт  ба  маблағи  1000 сомонӣ  лавозимоти  заруриро  харидорӣ  намуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз ёфт.    

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg