БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАШНИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ» НИШОНАИ АРҶГУЗОРИИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА ПЕШВОИ ХУД АСТ!

АНДЕША.Тайи чанд сол аст, ки  16-уми ноябр дар кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон гирифта, ин рўзро мардум бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва камназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Воқеан 27-сол муқаддам иродаи шикастнопазири ин фарзонафарзанди миллат боис гардид, ки халқи парешонгашта сарҷамъ ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз нав эҳё гардад. Мардум иродаи қавию матонат, сабурию ботамкинӣ, сар нафаровардан пеши ҳеҷ қувваю гурӯҳ ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли низоъҳои дохилӣ дида, аллакай ҳамон солҳо ӯро ҳамчун Пешвову раҳнамо қабул намуда буданд.  

Ҳануз рӯзҳои аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон нотарсона аз роҳи ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳона кор гирифтани гурӯҳҳои манфиатҷӯро сахт танқид намуда,  таъкид карданд: «Мо як халқу як давлату як миллат ҳастем, ки номамон тоҷику Тоҷикистон аст. Биёед дар якҷоягӣ коре кунем, ки ҳама дар як майдон ҷамъ оем. Номи ин майдон майдони ваҳдат, меҳнат аст.Чашми халқ сўи мост, онҳоро ноумед накунем….  Ё мо сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон барқарор мекунем, ё ҳамчун шахсони миллаткуш дар таърих абадан мемонем».

        Ба хотири сулҳу якдигарфаҳмӣ, тинҷию оромӣ дар сарзамини Тоҷикистон Роҳбари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта, ба минтақаҳои ноороме сафар мекард, ки ҳеҷ кас кафолати бехатарии ӯро дода наметавонист. Дар 40 моҳе, ки раванди гуфтушуниди ҷонибҳо идома дошт, борҳо ба Кобул, Хосдеҳ, Эрон, Руссия ҷамъ 21 маротиба вохӯриҳо гузарони­да, беш аз 36 ҳуҷҷати расмиро ба имзо расониданд, ки маҳз бо шаро­фати он имрӯз мо ҳаёти осоишта ба сар мебарем.

      Имрӯз ниҳоят зарур аст, то насли ҷавон роҳи душ­вору ноҳамвори ба Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ноил шуданро донанд ва ба қадри озодию осоиштагии кишвар бирасанд. Аз ин рӯ  ҷашн гирифтани Рӯзи Президент дар шинохти асолати миллии тоҷикон нақши муҳим хоҳад дошт.

Ватанзода Саидҷаъфар, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg