БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРҲАДИ ДАВЛАТӢ МАРЗИ ОРУ НОМУС АСТ!

ВОКУНИШ. Баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ кишварҳои пасошӯравӣ дар заминаи фарҳангу ҳуввияти миллӣ аз пайи бунёди ҷомеаи мардумсолори худ шуданд ва хушбахтона кишвари мо низ бо назардошти афкори пешқадами ҷомеа дар заминаи арзишҳои умумимиллӣ ва муаррифии миллат ва давлат бо номи Тоҷикистон дар ин масир гомҳои устувор гузошт. Новобаста аз он ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоти ба ҳам омадани ҳамватанон дар заминаи якдигарбадбинию хушунату манфиатҳои гурӯҳию минтақавӣ бо супориши хоҷагони дар нохунак дӯстони халқи тоҷик ҷой дошт, вале таҳаммулпазирию якдигарбахшии миллат  зери роҳбарии  муддаии сулҳи тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қишрҳо ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва яроқнокро  дар доираи афкори миллии давлатсозии навин ба ҳам овард. Дар ин раванд қисмати зиёди гурӯҳҳои мухолиф ба ҳаёти осоишта баргашта дар атрофи сиёсати давлатсозии навини тоҷикон сарҷамъ шуданд, вале мутаассифона буданд афроде, ки аз рӯзҳои аввал дар сояи сулҳи умумимиллӣ даст ба корҳои зиддидавлатию зиддимиллӣ заданд ва ҳар яки мо доир ба аъмоли хиёнаткоронаи онҳо чун оина рушан медонем ва зарурати дубора ёдовар шудани онро ихтисор месозем.

    Ба ҳар сурат, Тоҷикистон барои тақвияти соҳибистиқлолӣ ва арзи ҳастӣ намудан ҳамчун миллат муддати солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Пешвои миллат роҳи хеле сангину ноҳамворро тай намуд ва имрӯз бо шарофати сиёсати дурусту воқеъбинона тамоми ҷомеаи ҷаҳон кишвари моро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд дар заминаи арзишҳои умумимиллию умумифарҳангӣ мешиносад. Агар дар гузашта доираҳои манфиатҷӯи хориҷӣ ба ҳар васила мавҷудияти  миллати тоҷикро инкор мекарданд, айни ҳол эҳсос мешавад, ки шинохти миллат ва давлати миллии Тоҷикистон ҳама ин ҳангомаю бадбинии дар нохунак дӯстони моро дар арсаи ҷаҳонӣ ботил сохт. Мисоли рушани ин гуфтаҳо ба даври сифатан нав баромадани ҳамкориҳои мутақобилаи байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аст, ки мардуми ду тарафи сарҳад аз иқдоми сарони кишварҳои дӯсту бародар ба хушнудӣ ёдоварӣ мекунанд. Имрӯз монеаҳои сунъии дар гузашта ба меросгузошта  бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи сарони ду давлати дӯст қариб, ки аз байн рафтанд ва ин рӯйдод барои ҳамгироӣ ва пешрафти ду давлате, ки бо ҳам робитаи фарҳангию миллӣ доранд, хеле нақши муҳим мебозад.

   Дар баробари ин, то ҳол мушкилоти сарҳадӣ миёни ҳамсоякишвари дигари мо-Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мондааст ва бо сабаби номуайянии хати марз дар қитъаҳои баҳсӣ гоҳо бемавриду бамаврид низоъҳои сарҳадӣ дар ин масир ба мушоҳида расида, боиси нороҳатии сокинони маҳалҳои наздисарҳадӣ мегардад. Ҳарчанд барои муайян сохтани  хати марзи давлатӣ комиссияи байнидавлатӣ фаъолияти доимӣ дорад, вале эҳсос мешавад, ки доираҳои манфиатҷӯи давлати ҳамсоя бо нақзи мувофиқаи қаблан қабулгардидаи комиссияи байнидавлатӣ хати марзро ноором месозанд ва бадбахтона дар ин масир барои қонеъ намудани талаботи ғосибонаи худ ҳатто сарҳадбононро ҷалб месозанд. Новобаста аз он ки тибқи мувофиқаи қаблан бадастомада, ки истифодаи силоҳ ва неруҳои мусаллаҳ  дар баҳсҳои марзиро инкор мекард, вале ҷониби Қирғизистон, бахусус неруҳои мусаллаҳи марзии ин кишвар зери ғоясозии гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз истифодаи силоҳ худдорӣ накард. Ҳама медонем, ки чун яроқ ба кор рафт, ақлу эътимод бо ҳамдигар аз байн мераванд ва воқеан истифодаи яроқ боиси муноқиша ва аз байн рафтани инсоният мегардад. Мисоле, ки санаи 16 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров задухурди мусаллаҳонаи неруҳои марзии ҳар ду кишвар ба амал омад ва дар пайи он сокинону сарҳадбонони  ду тарафи марз захмию ба ҳалокат расиданд.

    Барои пешгирии ҳама гуна хушунату нофаҳмӣ мебояд, ки ба фаъолияти комиссияи байнидавлатӣ такя карда, дӯстию ҳамҷавориро маҳаки асосии расидан ба мақсад донист. Гарчанде мардуми мо ба фаъолияти комиссияи байнидавлатӣ ва хати марзи давлатӣ дар асоси санадҳои боэътимоди аз даврони собиқ Шӯравӣ  бамеросмонда такя ва фаъолият мекунанд, вале назари гурӯҳҳои манфиатҷӯи қирғиз дар ин самт яксон нест. Чунин тарзи муносибат бешак, ки дар ҷомеа нобоварию нофаҳмӣ ва дар охир истифодаи силоҳро ба миён меорад. Бадбахтона доираҳои васоити ахбори оммаи Қирғизистон низ дар навбати худ вазъро дар минтақаҳои сарҳадӣ бо ангезаҳои сиёсӣ ва дасисаю иғво мунташир месозанд, ки албатта ба нафъи мардуми ду кишвар нахоҳад буд.

   Бинобар ин месазад, ки сарҳади давлатиро марзи ору номуси тоҷикӣ номид ва дар муқобили ин ҳама сару садоҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯй аз сари нангу номуси тоҷикӣ кор гирифт. Зеро миллати тоҷикро дар тамоми дунё бо Тоҷикистон мешиносанд ва ҳифозати марзи давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як инсони  бонангу ор хоҳад буд!  

Т.Назарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg