БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛОН БО СИПОСНОМАҲО ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

КӮШОНИЁН. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён Конфересияи 16-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

Дар кори конференсия раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.

Рӯзномаи конференсия аз панҷ масъала иборат буда, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия (аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019), ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия, интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотӣ ва интихоби вакилон ба Конференсияи 12-уми  ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир ба 24 нафар фаъолони ҲХДТ Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи  вилоятӣ, ки дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ саҳми назаррас доранд,   тақдим  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg