ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Насли наврас”-и Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир карда шуда, зимнан ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ гардида, дар он таъкид шуд, ки иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ вазифаи мо ҳизбиён буда, месазад барои шаффофу демократӣ гузаронидани ин чорабинии сиёсӣ талош варзем.
Инчунин, аз ҷониби аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоии мазкур аз нав интихоб шуда, 1 нафар аъзои ташкилот ҳамчун вакил ба Конференсияи XIV-уми ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.
Сипас, намояндагони ҳизбӣ зимни вохӯрӣ оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ ҳидоят намуданд.