ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ-инхоботии ташкилоти ибтидоии “Дониш”-и Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд ва бо дастгирии иштирокдорон раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, 2 нафар шахсони соҳибмаърифат ба Конференсияи навбатии ноҳиявӣ ба вакилӣ пешбарӣ шуданд.
Сипас, масъулини ҳизбӣ дар навбати худ оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ ҳидоят намуданд.