Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Моҳир»-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд бо сокинон доир гардид ва дар он намояндагони ҳизбӣ дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд. Сипас, бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида, бо ҷалби сокинон кубурҳои обгузари маҳалла аз нав таъмир карда шуд. Икдомҳои неку ватандӯстона аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуда, шукргузории хешро аз фазои сулҳу оромии кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат арзёбӣ намуданд.