БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ҶОМЕА

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи “Булёни Поён”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур оид ба омодагӣ ба интихобот, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, Конститутсия- шоҳсутуни ҳуқуқӣ ва сарчашмаи қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва ифротӣ, ҳифзи саломатӣ ва беҳдошт, риояи талабот ва муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози назар карда, ҳамагонро ба созандагиву бунёдкорӣ  ҳидоят карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg