ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарнисор” доир гардид.
Зимни мулоқот, роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.
Дар охир вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон тасмим гирифтанд, ки пули одамгузари деҳаро, ки бар асари боридани боронҳо чанд рӯз пеш қисман зарар дида буд, аз нав таъмир намоянд.