БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57–и ноҳияи Фархор  мулоқоти навбатии роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»  бо хонандагони синфҳои болоӣ   баргузор гардид.

Зимни суханронӣ қайд шуд, ки ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад ва дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд. Инро бояд аз хотир набарорем, ки Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, июли соли 2003 ва 22 майи соли 2016-ум бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд.   Конститутсия ин кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.  

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсисии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ии ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg