![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/1_169.jpg?itok=s81upJUX)
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқот дар ташкилоти ибтидоии “Мадаргор”-и шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир карда шуд.
Дар ин ҷаласа роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ дар бораи фаъолияти ташкилот ҳисобот дода, қайд карданд, ки фаъолияти самараноки соҳаи тандурустӣ аз ҳадафи барномаҳои ҲХДТ сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз мо ваъда медиҳем, ки якҷоя бо Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои расидан ба ҳадафҳои созанда талош меварзем.
Инчунин, гуфта шуд, ки дар замони муосир раванди таълиму тарбия бояд ба равиши замона созгор бошад, зеро бо мурури замон ва пешравии техника ва технология, қариб ҳаррӯз дар дунё дар соҳаи илм як навоварӣ пайдо мешавад. Мо фаъолони ҷомеаро мебояд аз ин пешравиҳо истифода бурда, барои насли наврасро дар рӯҳияи постдории асолати миллӣ ва ҳимояи тамаддун ва фарҳанги азалии хеш тарбия намоем.