ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази ситора»-и Ҷамоати шаӽраки Ӽулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки кормадони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Роӽбарияти кумитаи иҷроия дар бораи аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар қонуни мазкур омадааст: «Падару модар ҳуқуқ доранд ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд. Падару модар масъуланд, китобҳои бадеии писанду мақбул ва дӯстдоштаи фарзанди худро аз фурӯшгоҳҳои китоб харида, дастрас намоянд».
Дар қисмати амалии Аксияи ӽизбии “Якҷоя ӽал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии «Ҷамияти матлубот» маводӽои хӯрокворӣ ба тарбиятгирандагони ин боргоҳи маърифат кумак карда шуд.