ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи табиат” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, масъулин ба ҳозирин дар бораи хатари афзояндаи терроризму экстремизм ба таври муфассал маълумот дода, қайд намуданд, ки терроризм рӯз то рӯз домон паҳн менамояд ва ягон давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам аз хавфу хатари он эмин нест. Алакай мо шоҳиди чандин амалҳои террористӣ дар кишвар гардидем.
Мақсади ягонаи террористон харобкорӣ, куштор ноором сохтани ҷомеа мебошад. Таъкид гардид, ки мо ҳамагон бояд ҳамеша омодаи мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб бошем.
Сипас, аъзои ташкилот ва чанде дигарон баромад намуда, терроризму экстремизм ва алалхусус амали террористии шаби 5 -уми ноябри соли равонро, ки дар дидбонгоҳи сарҳадии № 4 –и Ишқободи қисми отряди сарҳадии “Султонобод” –и ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расонидашуд маҳкум намуданд.
Дар охир Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида, аъзои ташкилот ба шахси ниёзманд кумаки молиявӣ расониданд.