БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ МО САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ”-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирӣ аз воридшавии маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта, адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон - хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба истиқболи  сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи соли 2020, пешбарии вакилон ба конференсияҳои ҳизбӣ аз ҳисоби шахсони соҳибмаърифат баррасӣ шуда,  таъкид гардид, ки дӯст доштани Ватан ва иштирок дар  маъракаҳои муҳими сиёсӣ вазифаи ҳар яки мо буда, месазад бо амалҳои созанда содиқ будани хешро дар назди халқу меҳан собит намоем.

Дар охир бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ  Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида ба 1 нафар шахси эҳтиёҷманд кумаки молиявӣ расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg