БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАВЗӮЪҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ШУДАНД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Созандагон» хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир карда шуд.

Вохӯриро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти ташкилот дар зарфи 2,5 сол ҳисобот дод. Бо дастгирии  аъзои ташкилот шахси арзанда ба  вакилии Конференсияи 13-уми ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  маъракаҳои муҳими сиёсии  дарпешистодаи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои  маҳаллии вакилони халқ, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи амалии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва амали ноҷавонмардонае, ки аз ҷониби душманони давлату миллат дар ноҳияи  Рӯдакӣ рух дод мавриди баррасӣ қарор дода аз ҳар як  иштирокчӣ ҷиҳати аз даст надодани  ҳушёриву зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло даъват ба амал  оварданд.
Дар охир ҳамагон андешарониҳои судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳодисаи нангин ва амалҳои хоинонро қатъиян маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg