БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки терроризм аз давраҳои хело қадим дар шаклҳои гуногун зуҳур намуда, то замони муосир доман паҳн намудааст. Зуҳуроти манфур ва хатарафзою номатлуби терроризм натанҳо боиси ташвишу нигарониҳои халқеву миллате, балки сабабгори гуфтугӯҳои ҷиддии таҳлукаомез дар байни тамоми оламиён гардидааст. Террористон мехоҳанд неруи худро ҳарчи бештар тавоною пурра бубинанд ва барои ин афроди ноустувору роҳгумзадаро ба ҷонибдориашон ҷалб кардан мехоҳанд. Дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа шинохтаву эътироф шудаанд.Мутаассифона, дар замони муосир гурӯҳҳои ифротӣ барои ноил шудан ба манфиатҳои ғаразноки худ ба қатлу куштори одамони бегуноҳ машғуланд. Баъзе ҷавонон бо сабаби надоштани дониши кофии динию дунявӣ ва паст будани мафкураи сиёсӣ фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротӣ мегарданд, ки як амали беандешаву бехирадона метавонад ҳаёти шахсро барбод диҳад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бар зидди терроризм баҳои баланд медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори эътирофшудаи асри XXI яке аз аввалинҳо шуда, аз минбари баланди СММ дар мавриди паҳншавии хатари терроризм ва таҳдидҳои он ба ояндаи инсоният ибрози андеша намуданд, ки дурустии пешбиниҳои ҳушдорсозандаи Сарвари кишварамон ҳама исбот гаштанд. Хусусан, амали террористие, ки 11-уми сентябри соли 2001 дар нерумандтарин кишвари дунё Амрико анҷом дода шуд, дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: “Терроризм ватан, миллат ва марз надорад”.

Мо дар замони хеле мураккабу пурихтилоф, дар замони талоши халқҳову давлатҳо баҳри манфиатҳои худ, дар замони неругирии раванди ҷаҳонишавӣ зиндагӣ дорем ва ҳар лаҳзаву ҳар соат дар олам воқеаҳои пуртазод ба вуқӯъ мепайванданд.

        Ҳеҷ як кишвари ҷаҳон, ҳатто давлатҳои абарқудрат аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм эмин буда наметавонанд. Вазъи печидаи ҷаҳони муосир, сиёсати ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрат, бархӯрди тамаддунҳо ва доман паҳн кардани терроризм аз ҳар як  шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳисси нангу номуси миллӣ, ифтихори ватандориро тақозо менамояд.

Моро мебояд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намоем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Эмомназар Пирназаров, узви ҲХДТ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg