БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АҲЛИ ПАЙМОН ДАР ФАРОНСА БАРОИ ХУМОРШИКАНӢ ДАВУ ТОЗ ДОРАНД

ВОКУНИШ. Аслан мардуми кӯҳистон ҳамагӣ шӯхтабиатанд. Дар диёри мо кампире бо номи Фаришта, ки дар ҳазлу шӯхӣ хеле инсони зиндадил буду тӯю маъракаҳои аҳли деҳа бе иштироки зиндаёд қариб, ки маъно надошт, бадоҳатан дар омади гап суҳбат меорост, ки агар рӯзи бо шавҳараш-пири хонадон баҳсу музокира накунад, барои ӯ он рӯз хеле рӯзи сахту сангин аст. Ба ибораи дигар агар рӯзе аз шавҳараш дар ягон масъалаи рӯзгордорӣ танбеҳ нагирад,  ба монанди чизи қиматеро гумарда худро   хеле озурдахотир меҳисобид.

   Амалу баҳсҳои бепояву бемантиқи аъзои ба ном паймони миллӣ, аниқтар гуруҳи 24 дар пойтахти давлати Фаронса шаҳри Париж ҳамшабеҳи гуфтаҳои зиндаёд-холаи Фариштаро мемонанд.  Ин ҳақиқатро метавон аз саҳифаҳои иҷтимоии ин гурӯҳи худкома ба пуррагӣ дарёфт кард.

   Баробари оғози сафари кории Пешвои миллат ба Фаронса аъзо ва тарафдорони дар нохунак Паймони миллии Тоҷикистон иғвоҳои худро шурӯъ карданд.  

 Ба иттилои сарчашмаҳои боэътимоди хабарӣ ин гурӯҳ эълон намудааст, ки касе аз аъзои гурӯҳ агар мушту лағати обдорро бисёртар таҳаммул кунад, муддати як ҳафта дар беҳтарин меҳмонхонаи шаҳри Париж бо доираи олуфтаҳои аврупоӣ аз хезу хоб то хурду хурок ва ҳатто идрорпулии дукарата таъмин мегардад ва муддати як сол аз ҳама ҳарзагӯию бадномсозӣ озод мешавад. Соли гузашта Сулаймон Орзуев чунин мукофотро  соҳиб гардида буд ва имсол  низ ин шахси азхудрафта барои қабули  мукофоти гаронарзиш хеле ҷиду ҷаҳд дорад.    

     Айни ҳол барои дарёфти мукофоти олии мушту лағат аъзои «фаъол»-и гурӯҳи 24 зери бому девор, кӯчаю пасткӯчаҳои шаҳри Париж даву тоз доранд ва ҳар яке мехоҳад, ки дар фаъолияти минбаъда ин мукофоти гаронарзишро, ки зери ҳар як мушт иродаи сиёсии кулли мардуми Тоҷикистон аст, ба осонӣ ба даст биёрад. Шояд мушту лағати обдор то ҷое барои ба худ омадани сари бемағзи ба ном аҳли паймон мусоидат кунаду  онҳо аз  даъвои беасосу бемантиқи худ дар мавриди фаъолияти минбаъдаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даст кашанд.

    Мутмаинем, ки аҳли ба ном «паймони миллӣ» дигар роҳи бозгашт надоранд. Зеро ҳар як амали онҳо аз ҷониби «роҳбарони сиёсӣ»-ашон назорат ва баҳогузорӣ мешавад. Дар ҳолати саркашӣ аз амали ғосибонаву бемантиқашон роҳбарияти дар нохунак паймони миллӣ  симои аслии онҳоро якҷоя бо  гейҳои аврупоӣ ҳатман, ки  овозаву дарвоз хоҳанд кард.  

Асақолов Алиҷон, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи ШамсиддинШохин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg