БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷӯйбор»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид. Зимни баромади худ масъулин  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мусаллам аст, ҳар як давлат қонуни асосӣ-констутсияи худро дорад.

Маҳз бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва бо талошҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи ҳақиқии ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва ифодакунандаи орзую армони халқи тоҷик 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсӣ қабул гардид.

Моро лозим аст, ки аз як гиребон сар бароварда, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро бобати бунёди ҷомеаи адолатпарвар бо сари баланд иҷро намуда, шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварда, ҳамарӯза талаботи меъёрҳои конститутсиониро бе нуқсон риоя намоем, иброз доштанд масъулони чорабинӣ.

Дар идома интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи ҲХДТ баррасӣ  шуданд.

Дар доираи татбиқи қисмати Аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иқдоми ташкилоти ибтидоӣ ба як оилаи ниёзманд кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg