БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТИ БОШАРАФОНА ВАЗИФАИ МОСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии “Ҷамоати  деҳоти  Танобчӣ”,  “Баҳманруд”,  “Иқбол” ва  “Ситораи  Тобон”–и   ноҳияи Темурмалик бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҷлисҳо ҳисоботӣ раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида  шуданд. Зимнан  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, ба вакилӣ шахсони арзанда, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми муносиб доранд, ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.

Инчунин, масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар бораи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсӣ–интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта, иштирокчиёнро даъват карданд, ки ҳамеша содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg