БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАИ ОШТИНОПАЗИР ДОРЕМ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯз”-и шаҳри Норак маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ  доир карда шуд. Зимни вохӯрӣ  ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, аз ҷониби аъзои ташкилот раиси он  аз нав интихоб гашт. Инчунин, дар идома вакил ба Конференсияи XV-уми  ҲХДТ  дар шаҳри Норак пешбарӣ  гардид.

Дар рафти маҷлис аз ҷониби масъулини ҳизбӣ оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза зидди гурӯҳҳои ифротӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо суҳбатҳо карда шуд. Дар охир  иштирокдорон, ки бештари онҳоро занону модарон ташкил медод, амали ноҷавонмардонаи хоинони давлату миллатро  маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg