БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛОШҲО ҲХДТ БАРОИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Холдингии Исмоили Сомонӣ»-и шаҳри Левакант хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар аввал масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ қайд карданд, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шудааст. Мақсади асосии ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Чихеле, ки Роҳбари давлат қайд карданд ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бо нангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад, иброз дошт намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант.

Ҳамзамон, дар рафти маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, баъдан бо дастгирии иштирокчиён, раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида,  ба вакилӣ Конференсияи шаҳрӣ шахсони арзанда  пешбарӣ шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg