БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҒАМХОРИ МАРДУМ АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Навобод”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ  иштирок намуда, атрофи мазмун ва моҳияти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25- солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши таърихӣ ва умумиҷаҳонии Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат, мафҳум ва моҳияти баргузории интихобот ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ, аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи  Артиши миллӣ,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ пешбарии вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ баррасӣ  шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg