БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛИЯТИ ҶИДДӢ МЕХОҳАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Панҷшер» -и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ХХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баромади худ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки рисолати инсонӣ   оила барпо намудан, фарзанд ба дунё овардан, онро тарбияи  дуруст додан, ба ин минвол дар пайванди наслҳо нақши асосӣ гузоштан аст.

Таъкид шуд, ки тарбияи фарзанд кори саҳл нест, шабзиндадорию меҳрубонӣ мехоҳад, заҳмату масъулият металабад. Дар баробари ташаккули оила ва ҷомеаи инсонӣ масъалаи тарбияи фарзанд ҳамеша муҳим буд ва боқӣ хоҳад монд, зеро ки он ба ҳастии инсон ва инкишофи маънавии он алоқаи зич дорад.

Гузашта аз ин агар волидон ба тарбияи фарзандон аз овони тифлӣ эътибор диҳанд, фарзанди қобил ва боадаб ба воя расида, дар оянда боиси хушбахтии оила ва умеду ояндаи ҷамъият мешавад ва агар ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ эътибор надиҳанд, минбаъд боиси маломату сарзаниши атрофиён хоҳад шуд. Чунин оилаҳо обрӯю эътиборашонро дар ҷомеа аз даст медиҳанд, таъкид доштанд масъулони чорабинӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg