ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Мавҷи дарё»-и деҳаи 25-солагии Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Ғайрат баргузор гардид.
Дар ҷамъомад масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор қайд карданд, ки идеали мо хизматҳои содиқонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад. Аз ин рӯ мо ҷавони бонангу номуси кишвар тамоми нерӯи худро ба он равона месозем, ки дар кору пайкори ҳамарӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.
Дар ҷамъбасти кори маҷлис аз ҳодисае, ки дар дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» рӯх дода буд ёдоварӣ карданд ва амали мазкур аз ҷониби аъзои ташкилот маҳкум карда шуд.