
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “50-солагии Норак” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир карда шуд. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, бо дастгирии аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб ва вакил ба Конференсияи шаҳрӣ пешбарӣ гардид.
Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба як нафар маъюб кумаки молиявӣ расонида шуд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, истиқболи сазовори 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.