БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУРЎҲИ “ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ” ВА Ё “ДУШМАНИ ИСЛОМ”?

ВОКУНИШ. Ислом дини ифротгаро нест. Исломро бояд ба маънии аслиаш шинохт, зеро ислом дини покӣ, росткорӣ, Худотарсӣ мебошад. Ислом дини ҷангу кӯштор нест ва инро бояд кулли мусалмонони ҷаҳон, хосса наврасону ҷавонон дарк намоянд. Имрӯз баъзе аз шахсони нохудогоҳ худро мусалмони асил ва ё донандаи илми ислом муаррифӣ намуда, аз мафкураи тунд ва бесаводии наврасону ҷавонон ва ҳатто занони мусалмон истифода намуда, онҳоро ба доми фиреб кашида, бо василаи “...дар роҳи Худо шаҳид шудан” ва “...ҷиҳод намудан дар роҳи Ислом” фирефта менамоянд. Дини Ислом имрӯз дар бештари давлатҳои Аврупо ва Осиёи мина ҳамчун василаи тиҷорат истифода шуда истодааст, зеро имрӯз бештари ҷавонони камсавод ҳатто аз мазмуну муҳтавои Исломи бузург огаҳӣ надошта, танҳо бо мақсади ба даст овардани пули муфд даст ба чунин амалҳо зишт мезананд ва ё ба ҳар гуна гуруҳҳои террористӣ ба монанди ДИИШ мепайванданд.

Ҳуҷуми навбатие, ки, боиси нором сохтани фазои кишвари азизи мо шаби 6 ноябри соли равон ки дар дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» рух дод, ҳеҷ як фарди худогоҳи Тоҷикистони азизро бетараф гузошта наметавонад. Зеро, ки  дар ин заду хурд миллати тоҷик ду нафар фарзанди содиқ ва шуҷои хешро аз даст дод. Аз ҷониби 20 нафар аъзоёни бо ном “Давлати исломӣ” ба қатл расонидани ду нафар фарзанди фидоии Ватан ва ҳуҷум намудани ба макони марзу буми кишвари мо аз як тараф ноадолатӣ арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар куштани шахсони бегуноҳ ин ҳам бошад аз номи гуруҳи “Давлати исломӣ” дар роҳи Худо боиси таасуф ва нафрати миллат мебошад.

Дар воқеъ  дини мубини Ислом – дини покизагиву поктинатӣ, инсонпарвариву маърифатнокӣ ва донишандӯзиву накӯкорист ва ҳеҷ гоҳ касеро ба харобкориву куштор ҳидоят накардааст. Дӯст доштани падару модар, хизмати шоиста кардан ба онҳо ва ҳимояи марзу буми Ватан аз душманонро низ ҳидоят мекунад. Харобӣ овардан ва ё куштори мардуми бегуноҳ бахусус занону ҷавонон нишонаи шахси солим нест.
         Чуноне, ки аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Террорист дину мазҳаб ва Ватану миллат надорад». Ин гуфтаҳо дурустанд. Чунки террористон ба хушунату вайронкорӣ ва худкушиву амалҳои даҳшатангез даст мезананд, ки хоси мардуми мусалмон нест. Ин тоифа танҳо ба хотири ноором сохтани ҷаҳон, аз байн бурдани қавме ва ё миллате мекӯшанд ва бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ муборизаи беамон алайҳи ифротгароӣ ва терроризм вазифаи ҳар як фарди солимақлу солимфикри ҷомеаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Пӯшида нест, ки паҳн гардидани тафаккури ифротгароӣ, созмон додани гурӯҳҳои ифротиву динӣ ва террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон ба кишварҳои дунё хатари ҷиддиро пеш меоранд.

Ифротгароён, ки бо амалҳои зишту зиёнкоронаи худ ба инсонҳои оддӣ, махсусан нисбат ба занону кӯдакон  амалҳои ҷоҳилонаи худро анҷом медиҳанд, мақсадҳои хушунатомез, сиёсӣ ва мазҳабии худро роҳандозӣ мекунанд. Ҳеҷ модаре фарзанди ҷинояткорро таваллуд намекунад, сари гавҳора бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек шабзиндадорӣ менамояд. Вале мутаассифона дар бисёри мавридҳо тарбияи нодуруст ва надоштани фарҳанги динии комил ҷавонони моро ба доми фиреби гурӯҳҳои дорои хусусияти ифротиву террористидошта, гирифтор мекунад. Ифротгароён аз камсаводӣ ва надоштани маърифати динии ҷавонон истифода менамоянд ва онҳоро бо ҳар роҳу усулҳои ба худ хос тобеъ мегардонанд.

Гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)”, ки дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ расман манъ шудааст. Ин қарор бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ҳанӯз аввали моҳи майи соли 2015 Суди олии Тоҷикистон ДИИШ-ро созмони террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон кард.

Ҷойи қайд аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Маскав баргузор гашта буд, аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки Тоҷикистон барои мубориза бо хатарҳои терроризм тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Дар ҳайати дастаҳои ҷанговари ДИИШ аз ҳисоби зодагону шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна аслан он нафароне қарор доранд, ки барои пул ва ё бо роҳи фиреб ҷалб шудаанд. Он нафарон дар Ватани худ ягон заминаи иҷтимоӣ надоранд.

Чанд соли охир таъбири “терроризму экстремизми динӣ” дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Яъне, бо истифода аз номи дин содир гардидани ҷиноятҳои махсусан хатарнок ва даҳшатафкан боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар воқеъ, ҷои таассуф аст, ки аз ин навъи ҷиноят дар баъзе ҳолат на ҳамчун экстремизми динӣ, балки ҳамчун “терроризму экстремизми исломӣ” ном мебаранд. Дар ҳоле, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳазорон маконҳои ибодат масҷидҳои панҷваҳта ва ҷомеа фаъолият доранд.

Аз уламои муҳтарам хоҳиш менамоям, ки нисбати ҳодисаи нангине, ки дар кишвар рух дод ва боиси аз даст додани ду нафар фарзанди шуҷои миллат ва нором гаштани вазъи ҷомеаи имрӯза гашт, бетараф набошанд ва дар кучактарин деҳаву маҳалаҳо бо истифода аз доираи васеъи наврасону ҷавонон мафҳуми терроризм ва экстиримизм ва покизагии дини мубини Исломро фаҳмонанд, зеро “Ислом ба зоти худ надорад айбе....” эътидол ё миёнҷигарӣ бояд дар асоси оёти саҳеҳи қуръонӣ ва аҳодиси саҳеҳи набавӣ, аҳкоми шаръи шариф ва ҳамоҳангии мазоҳиб сурат гирад, то ин ки оромишу осоиш ва сулҳу суботро дар ҷаҳони ислом таъмин намояд. Дар ин сурат мо метавонем бо тарғиби ғояҳо ва арзишҳои олии ислом, хусусан, бо роҳи гуфтушунид ва музокироти сулҳ, баланд бардоштани сатҳи маърифати исломӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба мақсади гузоштаи худ ноил гардем.

Умед аст, ки ин падидаи шум решакан гардад ва сулҳу суботу оштӣ дар сояи Қуръону суннат ва Исломи ҳиқақӣ ва азизу воло беш аз пеш дар ҷомеаи исломӣ  побарҷо гардад,  зеро ки тоҷикон аз аҳди қадим то ба имрӯз миллати соҳибтамаддуну бофарҳанг, озодихоҳ, сулҳпарвар, бунёдкор, инсондӯст буду ҳаст ва хоҳад монд. «Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек» шиори гузаштагони мо буд, ки имрӯз низ маънӣ ва моҳияти худро дар замони соҳибдавлатӣ, соҳибистиқлолӣ гум накардааст.

Саёҳат Абдуллоева-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg