БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ 12-УМИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Конференсияи 12-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баргузор гардид.

Дар кори конференсия дар баробари вакилон намоянда  аз Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Шаҳбози Искандар, узви КИМ ҲХДТ, раиси ноҳия Зоирзода Маърифат иштирок намуданд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ҳисоботи Кумитаи иҷроия аз моҳи майи соли 2017 то моҳи октябри соли 2019, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар муддати зикргардида, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҳизб, интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ,  интихоби вакилон ба Конференсияи 12-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  муҳокима  карда шуданд.

Конференсияро роҳбарияти Кумитаи иҷроия кушода, аз рӯи масъалаҳои болозикр  маърӯза намуда, баъди музокираҳо аз рӯи масъалаҳои зерин қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Конференсияи 12 –уми ҲХДТ дар ноҳияи  Балҷувон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронида шуда, ба  вакилон ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии фаъол, ки дар татбиқи барнома ва чорабиниҳоии сиёсию фарҳангии ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон саҳми назарас гузоштаанд, бо сипосномаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроия ноҳиявӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg