ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Конференсияи 15 -уми ҳисоботӣ -интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг баргузор гардид. Дар кори конференсия дар баробари вакилон намояндагон аз Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раиси Шӯрои собиқадонрони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, раиси ноҳияи Ховалинг иштирок намуданд.
Дар конференсия ҳисоботии Кумитаи иҷроия аз моҳи майи соли 2017 то моҳи октябри соли 2019 ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ дар муддати зикргардида, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия ноҳиявӣ, интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи 12-уми Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, баъди музокираҳо аз рӯи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул шуданд.