БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВАЗИФАИ МОСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Орзу»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баромади масъулон  қайд карда шуд, ки мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро бедор намоем.

Имрӯз мову шумо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карда истодаем, Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз ба рӯз бо иқдому ташаббусҳои дурандешонаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати пешрафтаву дар арсаи ҷаҳонӣ шинохташуда табдил ёфтааст. Пас моро зарур аст, ки он рӯзҳои мудҳиш ва сахту сангини бар сари миллати тоҷик омадаро ҳаргиз фаромӯш насозем. Имрӯзҳо дар қисмҳои низомии Тоҷикистон барои аскарону афсарноне, ки   оиладор ҳастанд,  шароити зарурӣ муҳайё мебошад. Барои волидайн низ ҷойҳои дидорбинии шабонарӯзӣ ташкил шудааст. Ба он нафароне, ки мехоҳанд ба дидорбинии падару модар раванд, сари вақт ва то як ҳафта рухсатӣ дода мешавад. Имрӯз шароит барои хизматро ба ҷо овардан дар қисмҳои ҳарбии мамлакат сад дар сад муҳаёст.

Дар идомаи масъала интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баррасӣ шуда, бо овоздиҳии якдилона раиси ташкилоти ибтидоӣ, ҳамзамон вакил аз ташкилоти мазкур ба Конференсияи ноҳиявӣ интихоб ва пешбарӣ гардиданд.

Дар доираи   Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бошад, роҳи байни маҳалла таъмири ҷорӣ карда шуд.

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg