БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИАМОН ДАР ДАСТИ ХУДАМОН АСТ!

ҲАМАДОНӢ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дизинфексия”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ баромад карда, аз ҷумла қайд кард, ки чорабиниҳои ҳизбӣ дар соли 2018-2019 дар сатҳи баланд гузаронида шудаанд ва аъзои ташкилот дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Сипас,  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва вакили Конфренсияи ноҳиявии ҳизб интихоб карда шуда, дар навбати худ масъулин .дар бораи  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки мо ҳизбиён вазифадорем ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост. Дар ин баробар бояд пеш аз ҳама  ҷомеа бо гирифторони бемориҳои сироятӣ муносибати дуруст дошта бошад.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg